Намуди кортҳои нақлиётӣ

Корти нақлиётӣ

Корт барои истифодаи доимӣ дар автобус/троллейбус пешбинӣ карда шудааст. Арзиши корт 10 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 4 сомонӣ дар тавозуни корт ҳамчун масрафнашаванда боқӣ мемонад. Тавозуни кортро ба воситаи терминалҳои Express Pay пурра кардан мумкин аст. Арзиши сафар баробари арзиши муайннамудаи хатсайр мебошад.

Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад.

Корти имтиёзнок

Корт барои шахсони маъюб ва/ё имтиёздорон (ветеранҳои ҶБВ, ҷанги Авғонистон, иштирокчии бартарафкунии садамаи Чернобил ва ғайраҳо). Корт дар автобус/троллейбус амал карда, танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёз (шаҳодатнома). Сафар бо корти мазкур – ройгон мебошад. Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад. Ҳангоми гум кардани корт ба Шумо зарур аст, ки ба сохторҳои марбута вобаста ба додани чунин кортҳо муроҷиат намоед.

Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад.

Барои сафар бо автобус

Барои сафар бо троллейбус

Корти Эҳтиром

Корт барои шахсони аз синни 75 сола боло пешбинї карда шудааст. Сафар бо корти мазкур – ройгон мебошад. Корт ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёзҳо (шаҳодатномаи нафақахўр ё шиноснома) амал мекунад. Корт дар автобус/троллейбус амал мекунад.

Пардохти ҳисоби корти CityCard

Корти нақлиётӣ

Маълумоти пурра оиди кортҳои нақлиётӣ

Чӣ тавр кортро истифода намуд?

Ахбор

Саволҳои асосӣ

Ҳаққи роҳкиро тавассути кортҳои электронии пардохтӣ ва кортҳои муваққатӣ бо шумораи муайяни сафар пардохт карда мешавад.Корти электронии роҳкироро аз терминалҳои ExpressPay, ронандагон ва назоратчиён дар автобусҳо/троллейбусҳо, инчунин аз нуқтаҳои савдои шаҳрӣ ва фурўшгоҳҳо дар истгоҳҳо харидорӣ кардан мумкин аст.
Шахсоне, ки ба истифодабарандаи имтиёзҳо дохил мебошанд, корти электронии пардохтро метавонанд дастрас намоянд.Барои иштирокчиён, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони гуруҳи 1 ва 2 сафар ройгон аст.
Корт танҳо ҳангоми таъсир ва сабаби механикӣ аз кор боз мемонад(Масалан, агар кортро буранд, шикананд ва ё қат кунанд).
Валидатор барои бақайдгирии роҳкиро дар воситаҳои нақлиётӣ танҳо дар даромади якуми автобус/троллейбус насб карда шудааст. Ба мусофир зарур аст, ки танҳо ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт корти электронӣ ё дигар воситаи пардохти худро ба валидатор наздик намояд ва ҳангоми даъвати валидатор бо суханони “Хуш омадед” вориди воситаи нақлиёт шавад. Бақайдгирии роҳкиро ба сафар ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тавр вақти пуршавии автобус/троллейбус сарфа карда мешавад.
Барои санҷиши пардохти роҳкиро корти нақлиётии мусофир ба терминали дар дастдоштаи назоратчӣ наздик карда мешавад. Ҳангоми тавассути корти электронӣ пардохт шудани роҳкиро дар хатсайри рафтаистода Мусофир ҳамчун пардохткардаи роҳкиро ба қайд гирифта мешавад. Дар экрани терминали назоратчӣ маълумот оид ба гузариши назорат нишон дода мешавад.Ҳангоми аз ҷониби Мусофир ба қайд нагирифтани корти электронӣ дар воситаи нақлиёти дар хатсайри саворшудаи Мусофир терминали назоратчӣ дар экрани худ маълумотро оид ба пардохт нагардидани ҳаққи роҳкиро нишон медиҳад. Аз шахсоне, ки ҳаққи роҳкироро напардохтанд, ҷарима ситонида мешавад.
Диққат! Пардохти ҳаққи роҳкиро ҳангоми санҷиши назоратчӣ ғайриимкон аст.
Нафароне, ки аз дигар давлатҳо ва ё шаҳру ноҳиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ворид мешаванд ва аз воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ автобус/троллейбус истифода менамоянд ба онҳо зарур аст, ки корти пардохти сафарро харидоӣ намоянд.Кортро аз ронандагон, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурўш дар истгоҳҳо ва терминалҳои ExpressPay, ки дар истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб карда шудаанд, харидорӣ кунанд.
Нафароне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе ворид мешаванд ва аз имтиёзҳо тибқи қонунгузорӣ истифода менамоянд, дар марҳилаи аввал метавонанд бо њуљљатњои тасдиќкунандаи худ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз имтиёзҳо истифода намоянд.Дар оянда тартиботи дахлдор барои истифодабарии кортҳои электронии имтиёзнок барои меҳмонони шаҳри Душанбе дар асоси қонунгузории амалкунанда омода карда мешавад.
Ҳангоми гум кардани корт зарур аст, ки ба ташкилоти пешниҳоди дастгирии иҷтимоӣ (сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ)муроҷиат намоянд.
Бале, мумкин аст. Барои ин кортро ба валидатор бо шумораи нафароне, ки ба ҷои онҳо хоҳиши пардохт карданро доред наздик намоед.
Муҳлати истифодаи маблағҳои дар корти электронии пардохти роҳкиро вуҷуддошта то ба итмом расидани маблағ амал мекунад. Муҳлати истифодабарии корт __ солро аз санаи фаъолгардонӣ ташкил медиҳад.
Муҳлати амали корт бо бастаи 4 сафар – 5 шабонарўз аз вақти сафари якум муайян карда шудааст.
Муҳлати амали корт бо бастаи 8 сафар – 10 шабонарўз аз вақти сафари якум муайян карда шудааст.

Дар бораи Лоиҳа

21 июли соли 2017 бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода сохтани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ҷоринамоӣ, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва назорати низоми мазкур, яъне ҳамчун Лоиҳаи «City Card» (Корти шаҳрӣ) аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гуруҳ» дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ карда мешавад.

Ҳадафи Лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум мебошад.

Вазифаи Лоиҳа:

  • Дастрасӣ ба маълумоти дақиқ оид ба мусофиркашонӣ дар нақлиёти автомобилии ҷамъиятӣ.
  • Аз гардиши ниҳонӣ баровардани маблағи ҷамъоваришаванда аз ҳисоби мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии автомобилӣ барои зиёд намудани даромади андозҳо ба буҷети маҳаллӣ.
  • Пешниҳоди маълумоти дақиқ барои банақшагирии маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати рўйпўш намудани хароҷоти шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳои амалкунанда тибқи қонунгузорӣ истифода менамоянд.
  • Иттилоотонии шаҳрвандон, меҳмонони пойтахт, ки аз дигар ноҳияҳо/шаҳрҳо/кишварҳо меоянд оид ба низоми нави пардохт ва назорат дар нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ.

Назоратчӣ

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар заминаи шуъбаи назорат ва бехатарии Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” Гуруҳи назоратӣ – тафтишотии лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” таъсис дода шудааст.

Назоратчӣ
Яке аз вазифаҳои асосии Гуруҳи назоратӣ – тафтишотӣ назорати пардохти электронии ҳаққи роҳкиро мебошад. Назоратчӣ корти нақлиётиро тавассути таҷҳизоти махсуси сайёрӣ (пос.терминал) тафтиш менамояд.

Пос.терминал – таҷҳизоти махсуси сайёрӣ буда, барои гузаронидани санҷиши пардохти ҳаққи роҳкиро пешбинӣ гардидааст.

Мусофирони муҳтарам!
Ҳангоми ворид шудани назоратчиёни Гуруҳи назоратӣ – тафтишотӣ ба воситаи нақлиёт, кортҳои худро барои аз санҷиш гузаронидан омода намоед. Бо талаби Назоратчӣ корти нақлиётии худро пешниҳод намоед. Дар ҳолати имтиёз доштан кортро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёз пешниҳод намоед. Дар мавриди муайян гардидани номувофиқатии корти нақлиётӣ ва пардохт накардани ҳаққи роҳкиро, аз ҷониби назоратчӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, маводҳо барои риоя нагардидани тартиботи муқарраргардида ба мақомоти марбутаи вазорати корҳои дохилӣ ирсол карда мешавад.

Бинобар ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба фаъолияти назоратчиёни Гуруҳи назоратӣ – тафтишотӣ монеа нашуда, тартиботи муқарраргардидаро дар дохили нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум ва истгоҳҳои шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе риоя намоед.


Суроғаи мо:

ш. Душанбе, кўчаи Рудакӣ 96, ошёнаи 1