Доир ба кортҳои нақлиётӣ

Корти нақлиётӣ

Корт барои истифодаи доимӣ дар автобус/троллейбус пешбинӣ карда шудааст. Арзиши корт 10 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 4 сомонӣ дар тавозуни корт ҳамчун масрафнашаванда боқӣ мемонад. Тавозуни кортро ба воситаи терминалҳои Express Pay пурра кардан мумкин аст. Арзиши сафар баробари арзиши муайннамудаи хатсайр мебошад.

Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад.

Корти имтиёзнок

Корт барои шахсони маъюб ва/ё имтиёздорон (ветеранҳои ҶБВ, ҷанги Авғонистон, иштирокчии бартарафкунии садамаи Чернобил ва ғайраҳо). Корт дар автобус/троллейбус амал карда, танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёз (шаҳодатнома). Сафар бо корти мазкур – ройгон мебошад. Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад. Ҳангоми гум кардани корт ба Шумо зарур аст, ки ба сохторҳои марбута вобаста ба додани чунин кортҳо муроҷиат намоед.

Инчунин, корт барои кўдакони аз синни 7 то 12 сола пешбинӣ карда шудааст. Сафар бо корти мазкур бо таҳфифи 50 фоиз аз маблағи тасдиқшудаи тарофаи сафар амал мекунад. Корт дар автобус/троллейбус амал мекунад. Тавозуни кортро метавонед дар терминалњои Express Pay пурра гардонед.

Муҳлати амали корт – 3 сол мебошад.

4 сафар

Корт барои 4 сафар дар автобус/троллейбус пешбинӣ карда шудааст. Арзиши корт 5 сомонӣ.

Ҳангоми ба итмом расидани муҳлати амали корт истифодаи сафари боқимонда ғайриимкон мебошад. Тавозуни корт пурра гардонида намешавад.

Муҳлати амали корт – 5 рўз аз вақти фаъолгардонии корт.

8 сафар

Корт барои 4 сафар дар автобус/троллейбус пешбинӣ карда шудааст. Арзиши корт 5 сомонӣ.

Ҳангоми ба итмом расидани муҳлати амали корт истифодаи сафари боқимонда ғайриимкон мебошад. Тавозуни корт пурра гардонида намешавад.

Муҳлати амали корт – 10 рўз аз вақти фаъолгардонии корт.

Корти Эҳтиром

Корт барои шахсони аз синни 75 сола боло пешбинї карда шудааст. Сафар бо корти мазкур – ройгон мебошад. Корт њангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёзҳо (шаҳодатномаи нафақахўр ё шиноснома) амал мекунад. Корт дар автобус/троллейбус амал мекунад.

Муҳлати амали корт – 2018/05/31.

Аз куҷо кортро харидорӣ ва тавозуни онро пур кардан мумкин аст?

Чӣ тавр корти City Card-ро аз терминали Express Pay харидорӣ кардан мумкин аст?

Терминали Express Pay-ро бо ишораи «Нуқтаи харидорӣ ва пуркунии тавозуни корти нақлиётии CITY CARD» бо ранги кабуд дарёфт намоед.


  • 1. Навиштаҷоти City Card-ро дар экрани асосӣ пахш намоед.
  • 2. Дар экрани пайдошуда рақами телефони худро навишта тугмачаи «Ба пеш»-ро пахш намоед.
  • 3. Пулро ба пулқабулкунак гузоред. Пардохти минималӣ 10 сомонӣ мебошад. Имкони пардохт аз 10 сомонӣ зиёд низ мебошад. Пардохтро бо пахши навиштаҷоти «Пардохт» тасдиқ намоед.
  • 4. Пас аз пардохт терминал ба Шумо корти пластикии City Card-ро медиҳад, ки минбаъд Шумо метавонед онро ҳангоми пардохти роҳкиро истифода баред.
  • 5. Ба рақами телефонии навишташудаи Шумо паёмак (СМС) оид ба пардохт ва тавозуни корт фиристода мешавад.
  • 6. Арзиши корти нақлиётӣ 10 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 4 сомонӣ дар тавозуни корт то итмоми муҳлати истифодабарии он нигоҳ дошта шуда, 6 сомонии дигар барои пардохти роҳкиро истифода карда мешавад.
Инчунин, дар терминалҳо Шумо метавонед тавозуни корти нақлиётии худро пурра намоед.
  • 1. Кортро ба кортқабулкунак гузоред ва баъдан дар экран маълумот дар бораи тавозуни Шумо пайдо мешавад.
  • 2. Барои пуркунии тавозуни корти нақлиётӣ дар экрани пайдошуда тугмачаи «Ба пеш»-ро пахш намоед.
  • 3. Пулро ба пулқабулкунак гузоред.
  • 4. Пардохти маблағро бо пахши тугмачаи «Пардохт» тасдиқ намоед.
  • 5. Баъдан Шумо маълумотро оид ба гузариши маблағи худ ва тавозуни корт мебинед.
  • 6. Пас аз ин амалиёт терминал ба Шумо кортро бар мегардонад ва Шумо метавонед онро истифода намоед.
Бо кадом тартиб тавозуни кортро пурра мегардонанд?

Терминали Express Pay-ро бо ишораи «Нуқтаи пуркунии тавозуни корти нақлиётии City Card» ё «Нуқтаи харидорӣ ва пуркунии тавозуни корти нақлиётии City Card»-ро бо ранги сурх дарёфт намоед.


  • 1. Корти пластикии City Card-ро ба кортқабулкунак, ки дар тарафи рост назди пулқабулкунак ҷойгир аст, гузоред.
  • 2. Дар муддати 2-3 сония дар экрани терминал маълумот дар бораи тавозуни корт пайдо мешавад.
  • 3. Барои пуркунии корти нақлиётӣ дар экрани пайдошуда тугмачаи «Ба пеш»-ро пахш намудан зарур аст.
  • 4. Пулро ба пулқабулкунак гузоред.
  • 5. Пардохти маблағро бо пахши тугмачаи «Пардохт» тасдиқ намоед.
  • 6. Баъдан Шумо маълумотро оид ба гузариши маблағи худ ва тавозуни корт мебинед.

Пас аз ин амалиёт терминал ба Шумо кортро бар мегардонад ва Шумо метавонед онро истифода намоед.

Харидории кортҳо аз нуқтаҳои савдо дар шаҳри Душанбе

Кортҳои роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз тамоми нуқтаҳои савдо бо ишораи «Фурўши кортҳои нақлиётӣ» метавонед харидорӣ намоед.


Чӣ тавр кортро истифода намуд?

Суолҳои асосӣ

Бо кадом тарз мусофирон метавонанд ҳаққи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пардохт намоянд?

Ҳаққи роҳкиро тавассути кортҳои электронии пардохтӣ ва кортҳои муваққатӣ бо шумораи муайяни сафар пардохт карда мешавад.Корти электронии роҳкироро аз терминалҳои ExpressPay, ронандагон ва назоратчиён дар автобусҳо/троллейбусҳо, инчунин аз нуқтаҳои савдои шаҳрӣ ва фурўшгоҳҳо дар истгоҳҳо харидорӣ кардан мумкин аст.

Кортҳои муваққатиро бо шумораи муайяни сафар аз ронандагон ва назоратчиён дар автобусҳо/троллейбусҳо, инчунин аз нуқтаҳои савдои шаҳрӣ ва фурўшгоҳҳои истгоҳҳо харидорӣ кардан мумкин аст.

Арзиши корти электронии пардохти роҳкиро чанд аст?
Арзиши корти электронии пардохти роҳкиро 10 сомониро ташкил медиҳад.
Арзиши корт бо бастаи 4 сафар - 5 сомониро ташкил медиҳад.
Арзиши корт бо бастаи 8 сафар - 10 сомониро ташкил медиҳад.
Шахсони аз имтиёзҳо тибқи қонунгузорӣ истифодабаранда аз куҷо корти электронии пардохтро дастрас карда метавонанд?
Шахсоне, ки ба истифодабарандаи имтиёзҳо дохил мебошанд, корти электронии пардохтро метавонанд аз марказҳои пешниҳоди дастгирии иҷтимоӣ(нафақа, кўмакпулӣ ба маъюбон ва кўмаки иҷтимоӣ) дастрас намоянд.Барои иштирокчиён, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, кўдакони маъюб то синни 18 сола, маъюбони гуруҳи 1 ва 2 сафар ройгон аст.
Эҳтимоли аз кор бозмондани кортҳо чӣ тавр аст?
Корт танҳо ҳангоми таъсир ва сабаби механикӣ аз кор боз мемонад(Масалан, агар кортро буранд, шикананд ва ё қат кунанд).
Ҳангоми серодамӣ пардохти роҳкиро чӣ тавр ба танзим дароварда мешавад?
Валидатор барои бақайдгирии роҳкиро дар воситаҳои нақлиётӣ танҳо дар даромади якуми автобус/троллейбус насб карда шудааст. Ба мусофир зарур аст, ки танҳо ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт корти электронӣ ё дигар воситаи пардохти худро ба валидатор наздик намояд ва ҳангоми даъвати валидатор бо суханони “Хуш омадед” вориди воситаи нақлиёт шавад. Бақайдгирии роҳкиро ба сафар ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тавр вақти пуршавии автобус/троллейбус сарфа карда мешавад.
Бо кадом тарз назоратчиён пардохти роҳкироро аз ҷониби мусофирон месанҷанд?
Барои санҷиши пардохти роҳкиро корти нақлиётии мусофир ба терминали дар дастдоштаи назоратчӣ наздик карда мешавад. Ҳангоми тавассути корти электронӣ пардохт шудани роҳкиро дар хатсайри рафтаистода Мусофир ҳамчун пардохткардаи роҳкиро ба қайд гирифта мешавад. Дар экрани терминали назоратчӣ маълумот оид ба гузариши назорат нишон дода мешавад.Ҳангоми аз ҷониби Мусофир ба қайд нагирифтани корти электронӣ дар воситаи нақлиёти дар хатсайри саворшудаи Мусофир терминали назоратчӣ дар экрани худ маълумотро оид ба пардохт нагардидани ҳаққи роҳкиро нишон медиҳад. Аз шахсоне, ки ҳаққи роҳкироро напардохтанд, ҷарима ситонида мешавад.
Диққат! Пардохти ҳаққи роҳкиро ҳангоми санҷиши назоратчӣ ғайриимкон аст.
Бо кадом тарз меҳмонони шаҳри Душанбе аз дигар давлатҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти роҳкироро амалӣ менамоянд?
Нафароне, ки аз дигар давлатҳо ва ё шаҳру ноҳиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ворид мешаванд ва аз воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ автобус/троллейбус истифода менамоянд ба онҳо зарур аст, ки корти пардохти сафарро харидоӣ намоянд.Кортро аз ронандагон, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурўш дар истгоҳҳо ва терминалҳои ExpressPay, ки дар истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб карда шудаанд, харидорӣ кунанд.
Нафароне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қишри имтиёздорон дохиланд аз пардохти электронии имтиёздор дар автобус/троллейбуси шаҳри Душанбе чӣ гуна истифода менамоянд?
Нафароне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе ворид мешаванд ва аз имтиёзҳо тибқи қонунгузорӣ истифода менамоянд, дар марҳилаи аввал метавонанд бо њуљљатњои тасдиќкунандаи худ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз имтиёзҳо истифода намоянд.Дар оянда тартиботи дахлдор барои истифодабарии кортҳои электронии имтиёзнок барои меҳмонони шаҳри Душанбе дар асоси қонунгузории амалкунанда омода карда мешавад.
Ҳангоми гум кардани корти электронии имтиёзнок чӣ бояд кард?
Ҳангоми гум кардани корт зарур аст, ки ба ташкилоти пешниҳоди дастгирии иҷтимоӣ (сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ)муроҷиат намоянд.
Бо як корт сафари якчанд нафарро анҷом додан мумкин аст?
Бале, мумкин аст. Барои ин кортро ба валидатор бо шумораи нафароне, ки ба ҷои онҳо хоҳиши пардохт карданро доред наздик намоед.
Муҳлати истифодабарии маблағи дар корти электронӣ вуҷуддошта чӣ қадар аст?
Муҳлати истифодаи маблағҳои дар корти электронии пардохти роҳкиро вуҷуддошта то ба итмом расидани маблағ амал мекунад. Муҳлати истифодабарии корт __ солро аз санаи фаъолгардонӣ ташкил медиҳад.
Муҳлати амали кортҳо бо шумораи муайяни сафар, яъне QR-кодҳо чӣ қадар аст?
Муҳлати амали корт бо бастаи 4 сафар – 5 шабонарўз аз вақти сафари якум муайян карда шудааст.
Муҳлати амали корт бо бастаи 8 сафар – 10 шабонарўз аз вақти сафари якум муайян карда шудааст.

Дар бораи Лоиҳа

21 июли соли 2017 бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода сохтани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ҷоринамоӣ, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва назорати низоми мазкур, яъне ҳамчун Лоиҳаи «City Card» (Корти шаҳрӣ) аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гуруҳ» дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ карда мешавад.

Ҳадафи Лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум мебошад.

Вазифаи Лоиҳа:

  • Дастрасӣ ба маълумоти дақиқ оид ба мусофиркашонӣ дар нақлиёти автомобилии ҷамъиятӣ.
  • Аз гардиши ниҳонӣ баровардани маблағи ҷамъоваришаванда аз ҳисоби мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии автомобилӣ барои зиёд намудани даромади андозҳо ба буҷети маҳаллӣ.
  • Пешниҳоди маълумоти дақиқ барои банақшагирии маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати рўйпўш намудани хароҷоти шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳои амалкунанда тибқи қонунгузорӣ истифода менамоянд.
  • Иттилоотонии шаҳрвандон, меҳмонони пойтахт, ки аз дигар ноҳияҳо/шаҳрҳо/кишварҳо меоянд оид ба низоми нави пардохт ва назорат дар нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ.

Хабарҳо

Дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» (Лоиҳаи «Корти шаҳрӣ») муаррифӣ гардид.

Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.

Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» тамоми таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Муфассал...


Суроғаи мо:

ш. Душанбе, кўчаи Соҳилӣ 5, ошёнаи 1
+992 (44) 601 11 11